LIVE

"Реал" акнун ду Винисиус дорад

Муҳофизатгари канории "Шахтёр" Винисиус Тобиас ба тими "Реал" гузариш кард. 
Футболбози 18-сола дар тими Мадрид то охири мавсими 2022/23 ба тариқи иҷора бозӣ мекунад. "Реал Мадрид" ҳақ дорад, ки ин бозигарро харидорӣ кунад. Хабар дода шуд, ки ҳаҷми маблағи гузариш 18 миллион евроро ташкил медиҳад.
Футболбози бразилӣ моҳи январи соли 2022 ба сафи «Шахтёр» пайвасту  машқҳои дастаҷамъиро низ анҷом дод, аммо ягон бозӣ бо пероҳани бошгоҳи украинӣ нагузарид.  
"Реал Мадрид" бо шарофати қарори баровардаи ФИФА дар бораи шартномаи футболбозоне, ки узви бошгоҳҳои Русия ва Украина мебошанд, бо Винисиус Тобиас қарордод баст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив