«ПСЖ» дар сомонаи расмии хеш иттилоъ дод, ки дифоъгари марказӣ Эл-Шадай Битшиабу дар тими олмонии «РБ Лейпсиг» идомаи маснади варзишӣ мекунад.
Битшиабу аз тими ҷавонони «ПСЖ» гузашта, аввалин шартномаи касбии хешро бо бошгоҳ соли 2021 имзо карда буд. Дар умум дар сафи парижиҳо дифоъгар 19 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, дар сафи «ПСЖ» қаҳрамони дукаратаи Фаронса гардидааст.
Бо тими «Лейпсиг» бошад ин футболбози 18-сола шартномаи мӯҳлаташ то моҳи июни соли 2028 имзо намуда, дар тими наваш Биштиабу таҳти рақами панҷ баромад мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии тими «Лейпсир» хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти ВАО арзиши гузариш қариб 15 млн евроро ташкил додааст.
