LIVE

Дастаи Роналду дигар бозигарони нав харида наметавонад

Бошгоҳи феълии Роналду баҳри қарздорӣ нисбати собиқ бозигари ССКА-и Москва аз ҷониби ФИФА таҳти таҳримҳо қарор гирифт.
ФИФА ба бошгоҳи саудии «Ал-Наср» сабти ном кардани бозигарони навро иҷоза надод.  Дар ин бора нашрияи  Daily Mail иттилоъ медиҳад.
«Ал-Наср» ба хотири оне таҳти таҳримҳо қарор гирифт, ки ба тими  «Лестер» баҳри гузариши ҳамлавари нигеривӣ Аҳмад Мусо иловапулиҳоро пардохт накардааст. Собиқ ҳамлавари ССКА-и Москва ба сафи «рӯбаҳон» баъди ҷоизаи қаҳрамонии ин тим дар соли  2016 гузариш намуд, аммо дар Англия ба ноком шуд. Ӯ танҳо панҷ гол дар  33 бозӣ ба самар расонида, баъдан тариқи иҷора ба сафи аратишиён пайваст.
Соли 2018 Мусо бар ивази қариб 16 млн евро ба «Ал-Наср»  гузариш кард. Ҳамлавар 60 бозӣ дар «Ал-Наср» гузаронида, ғолиби чемпионати Арабистони Саудӣ гардид ва баъди ду сол тими саудиро чун футболбози озод тарк намуд. Дар   ФИФА бар онанд, ки арабиён ба   «Лестер»  460 ҳазор евро ҷамъи фоизҳо аз иловапулиҳое, ки ба натиҷабахшии бозигар рабт доранд, пардохт накардааст.
Нахуст чунин қарорро  ФИФА моҳи октябри соли 2021 оммавӣ накарда буд, вале бо вуҷуди ин «Ал-Наср» огоҳонида шуд, ки агар қарзҳояш назди  «Лестер»-ро насупорад, дар сабти ном кардани бозигарони нав иҷозатнома нахоҳад гирифт. Бо вуҷуди он, ки шартҳо иҷро карда нашуданд, қарори ФИФА нерӯи қонунӣ мегирад. Таҳримҳо ба трансферҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дахл дошта, ин маънои онро дорад, ки «Ал-Наср» наметавонад, ситорагонеро, ки ин тобистон ба сафи тимаш аз хориҷ пайвастанд, сабти ном кунад. Манъи сабти номкунии бозигарон дар масири се даврони трансферии паиҳам амал хоҳад кард.
Дар бошгоҳ бар онанд, ки ин марҳилаи ҷанҷолӣ пеш аз оне ба миён омад, ки  «Ал-Наср» аз ҷониби Фонди давлатии Арабистони Саудӣ  (PIF) харидорӣ карда шуд. Хабар дода мешавад, ки фонди мазкур ин қарзҳоро месупорад ва роҳ нахоҳад дод то манъи трансферҳо қувваи қонунӣ пайдо кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив