LIVE

«Интер» дарвозабони нав ёфт

«Интер» бо «Бавария» оиди гузариши Ян Зоммер гуфтушунидҳоро оғоз мекунад.
Бошгоҳи миланӣ пешниҳоди нахустро оиди гузариши дарвозабони 34-сола омода кардааст, иттилоъ медиҳад Фабрисио Романо. Интизор меравад, ки ҷониби «нерадзурри» ба мюнхениҳо қариб 6 миллион  евро пешниҳод мекунанд, замоне, ки гузариши Андре Онана ба «Манчестер Юнайтед» расман амалӣ карда мешавад. 
Ҳамчунин «Интер» иштиёқ нисбати Анатолий Трубин аз «Шахтер»-ро ҳифз мекунад – итолиявиҳо мехоҳанд Самир  Хандановичро иваз кунанд. 
Дар мавсими қаблии Бундеслига Зоммери шветсарӣ 29 бозӣ гузаронида, дар сафи тимҳои «Боруссия»-и Менхенгладбах ва «Бавария» баромад кард ва 39 гол ба дарвозааш сар дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив