LIVE

«Челси» дар талоши харидории дарвозабон аз чемпионати Испания

«Челси» дарвозабони асосии нав меҷӯяд.
Пештар маълум шуда буд, ки бошгоҳи лондонӣ ният дорад  дарвозабони «Интер» Андре Онанаро харидорӣ намояд. Аз рӯи маълумоти журналисти нашрияи Evening Standard Низор  Кинселла баҳри гузариши дарвозабони камерунӣ на камтар аз 50 миллион фунт талаб карда мешавад. 
Ҳамзамон «Манчестер Юнайтед» метавонад дар роҳи харидории Онана бо  «Челси» мубориза барад.
Ба ҳайси варианти дуюми харидории дарвозабон баъди нафари аввали дарвозаи «Интер» лондониҳо даъвати Георгий Мамардашвилиро аз «Валенсия», Грегор Кобел аз «Боруссия»-и Дортмунд ва Давид  Райяро аз «Брентфорд» баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар сурати ба даст оварда натавонистани Онана дарвозабони гурҷӣ ҳадафи аввалияи харидорӣ барои «кабудҳо» дар мавқеи дарвозабонӣ хоҳад буд. 
Ҳамчунин гузариши дарвозабони «Милан» Майк Менян низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, аммо арзиши гарони ин фаронсавӣ, ки 80 миллион фунт мебошад, «Челси»-ро ба қавле тарсонид. Аз ин рӯ бошгоҳ аз ин вариант  даст кашид. 
Интизор меравад, ки «Челси» ин тобистон Эдуар Мендиро мефурӯшад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив