LIVE

"Севиля" ҳамаи бозигаронашро ба фурӯш мебарорад

Аз рӯи маълумоти нашрияи Marca «Севиля» дучори мушкилоти бузурги моливӣ гардидааст. 
Бошгоҳи андалусӣ дар ҳаҷми 90 млн евро қарздор шуда, ба ин хотир дар даста мехоҳанд ҳамаи бозигарон хешро ба бозор бароранд.
Рӯзи 30-юми июн роҳбари бошгоҳ Пепе Кастро дар мавриди мушкили ба миёномада эълон намуд.  Чунин мушкилоти бузург сабабгори аслии рафтани директори варзишии даста Рамон Мончи гардид,ки ба «Астон Вилла» рафта буд. Ҳамчунин мушкилоти мавҷуда метавонад боиси  рафтани як гурӯҳ бозигарон аз «Севиля»  шавад. 
Дар мавсими қаблӣ «Севиля» дар чемпионати Испания зинаи 12-умро ишғол намуда буд ва ҳамчунин дар  Лигаи Аврупо зафар ёфт. Маҳз ба шарофати ин пирӯзӣ дастам испанӣ роҳхати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо барои мавсими-2023/24-ро соҳиб шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив