LIVE

Серхио Рамос ба дастаи собиқи худ бармегардад

Серхио Рамос хоҳиши идомаи фаъолият дар дастаи «Севиля»-ро дорад.

Ба иттилои манбаъ, испанӣ бо вуҷуди пешниҳоди Арабистони Саудӣ мехоҳад дар мавсими оянда дар ҳайати «Севиля» бозӣ кунад. Яке аз далелҳо ин аст, ки ин тим дар мавсими оянда дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад. Рамос дастпарвари «Севиля» аст, ки соли 2005 онро тарк карда, ба "Реал Мадрид гузашта буд.

«Севиля» дар мавсими гузашта бо 49 имтиёз дар зинаи 12-ум қарор гирифт. Аммо бо далели он, ки дар финали мусобицаи Лиги Аврупо бар тими “Рома” пирӯз шуд, дар мавсими нав иштирокчии Лигаи Чемпионҳо гардид. ПСЖ рафтани Рамосро, ки аз соли 2021 дар ин даста бозӣ мекунад, эълон кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив