LIVE

Серхио Рамос низ Парижро тарк мекунад

Ҳимоятгари ПСЖ Серхио Рамос пас аз анҷоми мавсим дастаро тарк мекунад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ПСЖ ба ин бозигар шартномаи нави яксола бо ду баробар кам кардани маош пешниҳод кардааст, аммо Рамос ба ин пешниҳод розӣ нашудааст. Ҳоло испанӣ интизори пешниҳоди дастаҳои дигар аст. Тахмин меравад, ки яке аз клубҳои Арабистони Саудӣ метавонад ба ҳимоятгар шартнома пешниҳод кунад.

Ёдовар мешавем, ки Рамос аз соли 2021 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Вай аз "Реал Мадрид" ба дастаи парижӣ гузашт. Шартномаи футболбоз бо клуб то охири мавсими ҷорӣ ҳисоб карда шуд.

Рамос дар ин мавсим дар тамоми мусобиқот 43 бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив