LIVE

Серхио Рамос низ ба Саудӣ меравад

Муҳофизатгари «Пари Сен-Жермен» - Серхио Рамос низ ба чемпионати А. Саудӣ меравад. Ба иттилои манбаъ, намояндагони Рамос чанд моҳ боз дар бораи интиқоли эҳтимолии ҳимоятгар ба бошгоҳи Саудӣ музокира доранд. "Ал-Ҳилол" омода аст ба Рамос шартномаи дусола бо маоши солона 30 миллион евро пешниҳод кунад. Инчунин, футболбози испанӣ дар сурати гузариш метавонад боз соҳиби имтиёзҳои гуногун шаваду ҳамзамон аз андоз низ озод хоҳад буд.

Худи Рамос омода аст, ки пешниҳодҳои ҳама клуби беҳтарини Аврупоро баррасӣ кунад, аммо имкони кӯчидан ба Арабистони Саудиро низ пинҳон нахоҳад дошт.

ПСЖ қаблан эълон карда буд, ки Рамос пас аз анҷоми мавсими ҷорӣ дастаи парижӣро тарк мекунад. Шартномаи испании 37-сола охири моҳи июни соли ҷорӣ ба поён мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив