LIVE

Жерар Пике аз нуқтаҳои заъфи футболи аврупоӣ гуфт

Собиқ бозигари «Барселона» Жерар Пике бар он аст, ки  консепсияи Амрикои Шимолӣ дар варзиш нисбати консепсияи аврупоӣ бартарӣ дорад.
«Мо кайҳо боз рақобатҳои шаффофро дар футболи аврупоӣ интизорем, аммо вобаста ба сабабҳои сиёсӣ чунин рақобатҳо вуҷуд надоранд. Акнун дастаҳое ба мисли «ПСЖ» ва «Манчестер Сити» бо сабабҳои бароямон маълум дорои бартариҳои бузург ҳастанд. Барои «Барселона» ва «Реал», ки ба халқ тааллуқ доранд, дар Аврупо бо чунин тимҳо рақобат кардан душвортар мешавад. 
Бароям консепсияи варзиш дар Амрикои Шимолӣ дар қиёс ба консепсияи аврупоӣ бамаротиб беҳтар аст. Дар Ассотсиатсияи Миллии Баскетбол (НБА) 30 ташкилотҳои иҷозатномадиҳӣ мавҷуданд, ки корашон ба як самт равона шудааст, зеро онҳо манфиатҳои ҳамсон доранд», – иқтибос овардааст аз суханони Пике Barca Universal.
Ёдовар мешавем, ки Пике дар мавсими сипаришуда хатми маснади варзишӣ намуда буд. Дифоъгар дар сафи нилунориҳо 616 маротиба ба майдон омада, муаллифи 53 голу 15 партофти голӣ шудааст. Дар мавсими анҷомёфтаи Ла Лига дифоъгар дар шаш вохӯрии тим иштирок намуд. Пике ҳамчунин қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо дар сафи мунтахаби  Испания мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив