LIVE

Жерар Пике мехоҳад фаъолияти футболбозии худро идома диҳад.

Ҳимоятгари собиқи тими “Барселона” ва мунтахаби Испания Жерар Пике мақсад дорад, ки дигарбора ба футболи касбӣ баргардад. Футболбози испанӣ мехоҳад дар бошгоҳи "Андорра", ки соҳиби он аст, бозӣ кунад.

Ба иттилои манбаъ, қоидаҳои молиявии дивизиони дуюми чемпионати Испания, ки "Андорра" дар он бозӣ мекунад, метавонад ба идомаи фаъолияти Пике халал расонад. Бояд қайд кард, ки дар айни замон клуб дар ҷадвали дивизиони дуюми Испания ҷои 10-умро ишғол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2022 Пикеи 35-сола эълон карда буд, ки фаъолияти касбии худро ба анҷом мерасонад. Пике бори охир дар вохӯрӣ бар муқобили «Осасуна» дар Ла Лигаи Испания вориди майдон шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив