Ҳимоятгари собиқи “Барселона” Жерар Пике иқрор шуд, ки дар ин мавсим фаъолияти худро дар клуби испанӣ ба ба охир расониданӣ набуд.
"Шахсан ман хубам. Иборае, ки ман ҳангоми ҷудо шудан дар Камп Ноу гуфта будам, ҳолати рӯҳии маро хуб инъикос мекард. Дар ҳаёти ман бисёр чизҳо рӯй доданд, на танҳо дар сатҳи касбӣ. Баъзан шумо мефаҳмед, ки бояд қарори беҳтаринро барои ҳама қабул кунед. Рафтан аз "Барселона" он чизе нест, ки ман мехостам, аммо ман фаҳмидам, ки бояд ин корро кунам.
Ман бо як қатор сабабҳо касбамро хотима додам. Ман мисли айёми пешин худро муҳим ҳис намекардам ва аз он лаззат намебурдам. Қарори оқилона ва дуруст қабул кардам», - нақл кардааст Пике.
Ҳангоми видоъ дар "Камп Ноу" Пике ба мухлисон гуфт, ки "дар ин ҷо таваллуд шудааст ва дар ин ҷо мемирад".