LIVE

«Атлетико» метавонад бо Тео Эрнандес шартнома имзо кунад

«Атлетико Мадрид» нисбати дифоъгари   «Милан» Тео Эрнандес таваҷҷӯҳ дорад. То ҳол бошгоҳ ҳеҷ пешниҳоди расмие накардааст, вале тибқи маълумоти Sky Sport Italia мадридиҳо нияти ҷиддии ба даст овардани футболбози фаронсавиро доранд. 
«Милан» омода аст, ки  Тео Эрнандесро танҳо бар ивази  маблағи бештар аз 80 млн евро фурӯшад.
Дар мавсими анҷомёфтаи Серияи А-и Италия  Тео Эрнандес 32 бозӣ гузаронида, 4 голу 3 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Бозигари фаронсавӣ дар сафи «россонери» аз мавсими-2019/2020 баромад мекунад. Дар умум Эрнандес 199 бозӣ доир намуда, муаллифи 24 голу  26 ассист мебошад.
Дар якҷоягӣ бо «Милан» Эрнандес имсол бо ниманиҳоии Лигаи чемпионҳо роҳхат гирифта буд, ҷое, ки бо ҳисоби  умумии 0:3 аз «Интер» шикаст хӯрд. Дар лигаи дохилӣ бошад «Милан» бо касби 70 хол зинаи чорумро ишғол кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив