Дар Тошканд бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар чаҳоргонаи «А» баргузор шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо тимҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ намуда буд, имрӯз бо садрнишини гурӯҳи «А» тими миллии Ӯзбекистон андари майдони рақобат гардид. Мунтахаби Ӯзбекистон аллакай роҳхати бозии ниҳоии «CAFA Nations Cup-2023»-ро соҳиб аст. Дидори дастаҳои Ӯзбекистон – Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ба суди футболбозони мунтахаби Ӯзбекистон анҷом ёфт.
Ягона голро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон – Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13-ум аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонид. Голҳоро дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон - Ҷасурбек Яхшибоев, Элдор Шомуродов, Аббосбек Файзуллаев, Хоҷимат Эркинов ва Остон Урунов ба самар расониданд.
Пас аз ин бохт футболбозони тоҷик аз идомаи мусобиқаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бенасиб монданд. Дар бозии дигари гурӯҳ Уммон муқобили Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфта, роҳхати даври баъдиро соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, мунтахабҳои Ӯзбекистон, Эрон, Уммон ва Қирғизистон муборизаро идома медиҳанд. Мунтахабҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон аз идомаи мусобиқа берун шуданд.
Ӯзбекистон бо Эрон дар даври ниҳоии мусобиқа вомехӯрад. Уммон бо Қирғизистон барои ҷои 3-юм мубориза мебарад. Бозиҳо рӯзи 20-уми июн доир мегарданд.
Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 9 бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дастаи Тоҷикистон як маротиба 8 майи соли 1996 дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-1996 ғалаба ба даст оварда буд. Дар он вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаи мо бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Се бозии дастаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мусовӣ анҷом ёфтааст. Дар панҷ вохӯрии дигар ӯзбекҳо ғалаба кардаанд.
Бори охир тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон се сол пеш – 3 сентябри соли 2020 дар Тошканд ба ҳам омада буданд.
