LIVE

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт имрӯз, 31 май барои тамринҳои дастаҷамъии даҳрӯза пеш аз мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ба Тошканд омад.

Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардид.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив