LIVE

Замони бозиҳои «CAFA-2023» эълон шуд

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10 то 20 июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ кард. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо яккачинҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат мекунад. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор шуда, соати 18:30 оғоз мешавад. 

Дар даври дуюм рӯзи 14-уми июн дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо тими Уммон бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:30 дар назар аст. 

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 17-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 20:30 оғоз мешавад. 

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозиҳои финалӣ 20 июн дар Тошканд баргузор мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив