LIVE

Оғози рақобатҳои CAFA-2023 миёни мунтахабҳои то 20 сола

Чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода оғоз шуд.

Дар даври аввал дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дод.

Дар вохӯрии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и пойтахт футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон пирӯз шуданд – 2:1.

Бозиҳои даври дуюми чемпионати CAFA-2023 рӯзи 22 май баргузор мешаванд. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Афғонистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад. Дар баробари ин, дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе бозии дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад.

🏆 Чемпионат CAFA-2023 - (U-20)
⚽️ даври аввал
Узбекистан – Иран – 3:2
Туркменистан – Афганистан – 1:2

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив