LIVE

Нишасти матбуотӣ ба хотири оғози чемпионати CAFA-2023

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 20 май дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00.
Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон посух хоҳанд дод.
Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд барои инъикоси ин мусобиқа бейҷҳои аккредитатсионӣ гиранд.
Бояд гуфт, ки чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад. Панҷ бозиро варзишгоҳи КМВА-и пойтахт ва панҷ вохӯрии дигарро варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода мизбонӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив