LIVE

Имрӯз чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола оғоз мешавад

21 октябр, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола оғоз мешавад. Дар ин мусобиқа дастаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. 
Дар остонаи оғози чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин дастаҳои иштироккунанда ширкат варзиданд. 
Тибқи низомнома мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. 
Дар бозии ифтитоҳии чемпионати CAFA-2022 пагоҳ, 21 октябр, тимҳои наврасони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам вомехӯранд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад.
 
Чемпионати CAFA-2022 байни духтарони то 15-сола
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Ӯзбекистон.
Даври 1
21 октябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 16:00
Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН
 
Даври 2
23 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 16:00
Эрон – Ӯзбекистон
 
Даври 3
25 октябр (сешанбе)
Оғоз – соати 16:00
ТОҶИКИСТОН – Эрон

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив