LIVE

Тоҷикистон дар мусобиқаи “CAFA Nations Cup 2023” ширкат меварзад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023» ширкат меварзад. Мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  аз  11-ум то  то 20-уми  июни соли равон   баргузор мешавад.
Имрӯз CAFA расман дастаҳоеро, ки дар нахустин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд, эълон намуд. Инҳо тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Уммон мебошанд.
Қуръакашии мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2023» рӯзи 26 апрел баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «А» бо ширкати чаҳор даста дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд. Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати се даста дар Бишкек сурат мегиранд.
Бар асоси низомномаи мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.
Таркиби сабадҳо дар қуръакашии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023»:
Сабади 1️:  Эрон,  Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ).
Сабади 2: Қирғизистон (мизбони гурӯҳ), Тоҷикистон.
Сабади 3️: Туркманистон,  Афғонистон.
Сабади 4️:  Уммон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив