LIVE

Тими миллии кишвар тамринҳоро барои Ҷоми миллатҳои CAFA оғоз намуд

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе омодагиҳоро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, оғоз кард. Аз 26 бозигаре, ки барои омодагӣ ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ даъват шудаанд, ҳоло дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон танҳо 14 бозигар қарор дорад, ки 2 нафарашон дарвозабон мебошанд. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ дар Тошканд ба ҳайати тими миллӣ мепайванданд. Аз 26 бозигаре, ки ба тими миллӣ даъват шудаанд 11 нафарашонро легионер мебошад. Ситоди мураббиёни кишвар таҳти роҳбарии мутахасиси хорватӣ - Петр Сегрт -  Ваҳдат Ҳаноновро аз «Персеполис», Эрон, Аҳтам Назаров тими «Андиҷон», Ӯзбекистон, Зоир Ҷӯрабоев «Нефтчӣ», Ӯзбекистон, Манучеҳр Сафаров «Локомотив», Ӯзбекистон, Меҳрубон Каримов «Самгурали», Гурҷистон, Парвизҷон Умарбоев ССКА-1948  Булғористон, Амирбек Ҷӯрабоев «Кедах»-и  Малайзия, Муҳаммадҷон Раҳимов «Насаф» -и Ӯзбекистон, Комрон Турсунов «ТРАУ» - Ҳиндустон, Хусрав Тоиров «Шахтёр», Украина ва Муродалӣ Акназаров «Анталяспор» -и Туркия  даъват намудаанд. 

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10 то 20 июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ кард.  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо яккачинҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат мекунад. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад.

Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» баргузор шуда, соати 18:30 оғоз мешавад. Дар даври дуюм рӯзи 14-уми июн дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо тими Уммон бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:30 дар назар аст.  Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 17-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 20:30 оғоз мешавад.  Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозиҳои финалӣ 20 июн дар Тошканд баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив