LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъӣ дар Дубай эълон шуд

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти сарварии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 19 май то 3 июн дар Дубай баргузор мешавад, номбар кард.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт 26 бозигарро ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай даъват кардааст, ки аз ин шумор 13 нафар легионер дар Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш ва Туркия бозӣ мекунанд. Дар маҷмуъ, ба тими миллии кишвар 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар дархости ниҳоии мунтахаби кишвар барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 23 бозигар ворид мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон фардо, 19-уми май, субҳи барвақт барои ҷамъомади тамринӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб парвоз мекунад.
Дастаи мо пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай ба Бишкек рафта, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» се бозӣ анҷом медиҳад. Рақибони тими миллии Тоҷикистон тимҳои Мянмар (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд.
 
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров («Персеполис», Эрон), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Сиёвуш Асроров («Раҳматганҷ», Бангладеш), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода, Далер Имомназаров (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов (СК «Пеликан», Туркия);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов (АГМК, Ӯзбекистон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев («Юнайтед Сити», Филиппин), Комрон Турсунов («Черчилл Бразерс», Ҳиндустон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқи-Охунов («Хатлон»), Алиҷони Айнӣ («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Мактаарал», Қазоқистон), Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив