LIVE

Тамринҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд идома дорад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади таълимиву тамринии худ идома медиҳад.  Ҳадафи он омодагии даста ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мебошад.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ҳоло дар ихтиёраш 18 бозигар дорад. Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад.

Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив