«Челси» ва Бакайоко шартномаро қатъ намуданд. Ин ҳам нимҳимоягарест, ки соли 2017 бар ивази 40 млн евро харидорӣ шуд ва чор маротиба ба иҷора рафт.
Бозигари фаронсавӣ баъди қатъи шартнома бо розигии тарафайн футболбози озод гардид.
Темуэ Бакайоко дар сафи «кабудҳо» 43 бозӣ гузаронида, соҳиби омори 3 гол, 3 ассист ва пирӯзӣ дар Ҷоми Англия соли 2018 мебошад.
Баъдан ин футболбоз ба таври иҷора дар тимҳои «Милан» (ду маротиба), «Наполи» ва «Монако» бозӣ кардааст.
