LIVE

Нимҳимоятгари «Бавария» ба Қатар рафт

Бошгоҳи «Қатар СК» расман аз гузариши Хави Мартинес хабар дод. 

Футболбози 32 сола дар охири мавсими гузашта дастаи «Бавария»-ро тарк намуда, бозигари озод гардид. Дар ҳайати «Бавария» Мартинес 8 маротиба қаҳрамони Олмон, 5 маротиба Ҷоми Олмон, 4 маротиба Суперҷом ва 2 маротибаи дигар ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳо гаштааст.

Мартинес соли 2012 ба «Бавария» пайваст, ки бошгоҳи шаҳри Мюнхен барои ӯ 40 млн евро пардохт намуда буд. Дар тӯли фаъолияташ бозигари испанӣ дар дастаҳои «Атлетик Билбао» ва «Осасуна» низ бозӣ кардааст. Дар мунтахаби Испания ҳам аз соли 2010 то 2017 ҳунарнамоӣ намудааст.

«Қатар СК»  дар мавсими гузашта дар чемпионати Қатар бо гирифитани 32 имтиёз мақоми шашумро ишғол карда буд. Қаҳрамони чемпионат дастаи «Ал-Садд» (60) гардид, ки мураббии ӯ ситодаи футболи муосир Хави мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив