LIVE

Франк Кессйе расман футболбози "Барселона"

"Барселона" дар сайти расмии худ дар бораи шартномаи нимҳимоятгар Франк Кессйе хабар дод. Футболбоз баъди ба охир расидани шартнома бо «Милан» ҳамчун агенти озод ба каталония кӯч баст. 
Кессйе бо «Барселона» то 30 июни соли 2026 шартнома баст. Барои онҳое, ки бо ин футболбоз шартнома бастан мехоҳанд, бояд ба "Барселона"  500 миллион евро ҷубронпӯлӣ пардохт созад. 
Қайд мешавад, ки муаррифии Франк Кессйе ба ҳайси бозигари «Барселона» рӯзи чоршанбе 6 июл баргузор мешавад.
Франк Кессйе аз соли 2017 дар тими “Милан” бозӣ мекунад. Дар 223 бозӣ ӯ ба задани 37 гол ва 16 партофти головар даст ёфтааст. Дар ҳайати тими италиёвӣ нимҳимоятгар чемпиони кишвар шуд. Кессйе аз соли 2014 дар ба тими Соҳили Кот-д'Ивуар бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив