LIVE

“Барселона” ҷойгузини Бускетсро ёфтааст

Нимҳимоятгари 25-солаи “Милан” Франк Кессйе метавонад фаъолияти худро дар чемпионати Испания идома диҳад. Marca хабар медиҳад, ки бошгоҳи "Барселона" ба ӯ чашм ало кардааст.  
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба созиш наздиканд. Бо имзои футболбози Соҳили Оҷӣ, каталониҳо интизоранд, ки хати нимҳимояи худро мустаҳкам кунанд. “Барселона” Кессйеро ҷойгузини Серхио Бускетси 33-сола медонад. Шартномаи Кессйе бо «Милан» тобистони соли оянда ба охир мерасад. Тарафҳо қаблан дар бораи тамдиди шартнома ба мувофиқа расида натавонистанд, зеро Франк аз шартҳои пешниҳодкардаи клуб қаноатманд нест. Ба ин тартиб, бозигар метавонад ба дастаи дигар ҳамчун агенти озод шомил шавад. Дар мавсими ҷорӣ Кессйе дар ҳайати дастаи «Милан» дар Серияи А  17 бозӣ анҷом дода, 5 гол задааст. Вай инчунин дар Лигаи Чемпионҳо 5 бозӣ ва 1 ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив