LIVE

"МЮ" ҷойгузини Погбаро пайдо кард

Дастаи “Манчестер Юнайтед” барои ба даст овардани нимҳимоятгари “Милан” Франк Кессйе кӯшиш намуда истодааст. Ӯ варианти хубест баъди аз даста рафтани Пол Погба, хабар медиҳад Mundo Deportivo.

Дар мавсими 2020/2021 футболбози 24-сола 50 бозӣ гузаронида, ба задани 14 гол ва 6 партофти головар даст ёфтааст. Портали Transfermarkt Кессйеро 55 млн евро баҳо медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир Кессйе дар мавриди тамдиди шартномааш бо “Милан” сухане нагуфтааст. Шартномаи ӯ бо даста тобистони соли 2022 хотима меёбад. 

Шартномаи Погба ҳам тобистони 2022 ба анҷом мерасад ва тарафайн дар мавриди тамдиди шартнома кореро ба анҷом нарасонидаанд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив