LIVE

Ибрагимович шартномаашро бо "Милан" тамдид намуд

Бошгоҳи "Милан"-и Италия аз тамдиди қарордод бо Златан Ибрагимович хабар дод. Тибқи иттилои сомонаи расмии даста қарордоди бозингари 39-солаи шведӣ то соли 2022 ба имзо расид. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Златан  дар як мавсим 7 млн  евро музд мегирад. Дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати дастаи "Милан" 24 вохӯрӣ гузаронида, ба задани 17 гол ва як партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив