LIVE

Дембеле ва Икарди ҷойгузини ҳамдигар мешаванд

Ҳамлагари фаронсавии «Барселона» Усмон Дембеле метавонад дар ивази форварди парижӣ Мауро Икарди моҳи январ ба дастаи «ПСЖ» бипайвандад, хабар медиҳад Marca.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи каталонӣ барои Дембеле 20 миллион евро талаб мекунад, аз ин рӯ парижиҳо пешниҳод мекунанд, ки Икарди ба ин шартнома шомил шавад.

Қобили зикр аст, ки Икарди дастпарвари «Барселона» аст, аммо дар синни 19-солагӣ дастаро тарк кард.

Икардии 28-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати ПСЖ 23 бозӣ анҷом дода, 5 гол задааст. Дембелеи 24-сола дар 11 бозии  “Барселона” як гол ва 2 ассист кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив