LIVE

Икарди расман аз "ПСЖ" шуд

«Пари Сен-Жермен» бо ҳамлагар Мауро Икарди шартнома баст. Дар ин бора сомонаи расмии даста хабар додааст. Футболбози аргентинӣ то ба ҳол дар тими парижӣ ба иҷора дода шуда буд. 
«ПСЖ» ба «Интер» 55 млн евро бо имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод кард. Қаҳрамони феълии  Лигаи 1 бо Икарди қарордоди 4 сола то 30-уми июни соли 2024 бо маоши 10 млн € дар як сол шартнома баст. 
Мауро тибқи созишнома аз «Интер» то рӯзи 30 июни соли 2022 ба иҷора гирифта шудааст. Сармураббии тими итолёвӣ - Антонио Конте ин футболбозро дар дастаи худ дидан намехоҳад.
Дар мавсими солҳои 2019/2020 Икарди ба задани 20 гол дар 31 бозӣ даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив