LIVE

“Ювентус” метавонад Роналдуро бо Икарди иваз кунад

“Пари Сен-Жермен” ва “Ювентус” метавонанд гузариши пурарзиши бозигаронро ба роҳ монанд, менависад Football Italia.
Бино ба иттилои манбаъ, “Ювентус” метавонад ҳамлагари худ Криштиану Роналдоро бо ҳамлагари “ПСЖ” - Мауро Икарди иваз кунад.
Ёдовар мешавем, ки Роналду аз соли 2018 дар дастаи “Ювентус” бозӣ мекунад. Форварди 36-сол дар мавсими гузашта 29 гол зада, беҳтарин нишонзани чемпионати Италия шуд. Шартномаи Роналду бо клуб то 30 июни соли 2022 амал мекунад.
Икарди дар навбати худ, соли 2019 бо иҷора хариди ҳатмӣ ба маблағи 80 миллион евро ба “Пари Сен-Жермен” гузашт. Дар мавсими солҳои 2020/2021 Икарди дар ҳамаи мусобиқаҳо 26 бозӣ гузаронида, 12 гол зада, 6 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив