LIVE

"ПСЖ"-ро дар ҳаҷми € 9000 ҷарима карданд

ФИФА роҳбарияти "Париж-Сен-Жермен"-и Фаронсаро барои вайрон кардани ду банди муқаррарот тобистони соли 2019 ҳангоми трансфери ҳамлагари 28-солаи аргентинӣ Мауро Икарди аз "Интер"  муҷозот кард. 
"ПСЖ" қоидаҳои ФИФА-ро вайрон карда, ба имзои созишномае розӣ шуд, ки дар он чунин банде мавҷуд буд -  агар Икарди дар тобистони соли 2020 ба дастаи дигари чемпионати Италия  гузарад, "Интер" 15 миллион евро хоҳад гирифт.   Ин мухолифи қоидаҳои муқарраргардида аст. Таъсири шахси сеюм ба гузаришҳо мумкин нест. Ҳамзамон, "ПСЖ" сари вақт ФИФА-ро дар бораи  интиқоли худ огоҳ накардааст. Барои ҳарду ҷиноят, клуби фаронсавӣ  ба маблағи 9000 евро ҷарима карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки футболбози 28-солаи аргентинӣ соли 2019 ба ҳайси  иҷора ва бо  шарти хариди ҳатмӣ  ба маблағи 80 миллион евро ба "Пари Сен-Жермен" гузашт. Икарди дар мавсими 2020/2021 дар ҳамаи мусобиқаҳо 28 бозӣ гузаронида, 13 гол ва 6 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив