LIVE

Дастаҳои “Юве” ва “ПСЖ” ҳамлагарони аргентинии худро иваз мекунанд

Футболбози “Ювентус” - Пауло Дибала бо ҳамлагари «ПСЖ» – Икарди иваз карда мешавад. 
Намояндагони бошгоҳи итолиёвӣ аллакай бо "ПСЖ" тамос гирифта, ҷузъиёти созишномаи эҳтимолиро баррасӣ карданд. “Ювентус” тасмим дорад бо агенти бозигари аргентинӣ Ванда Нара мулоқот кунад, менависад Football Italia.  Созишномаи ҳозираи Дибала бо “Ювентус” тобистони 2022 ба итмом мерасад. Барои ҷилавгирӣ аз ройгон рафтани футболбоз, клуб бояд бо ӯ шартномаи нав имзо кунад ё тобистони имсол ӯро фурӯшад. Ҳамлагари 27-сола дар 12 бозии Серияи А 3 гол зада, 2 партофти головар кардааст. Икарди дар 15 бозии Лигаи 1-ум 5 гол ва 3 партофт дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив