LIVE

«Ювентус» бори аввал дар 7 сол 4 гол хӯрд

Дар даври 31-уми чемпионати Италия - «Милан» дар «Сан-Сиро» «Ювентус»-ро истиқбол кард.  Дар ҳайати  «Ювентус» Адриен Рабйо ва Криштиану Роналду голзанӣ намуданд. Аммо баъди ду гол хӯрдан, бозигарони «Милан» ба худ омаданду бо кӯмаки Златан Иброҳимович,(пеналтӣ) Франк Кессйе, Рафаэл Леау ва Анте Ребич бо ҳисоби 4 бар 2 ғалаба намуданд.  То ба ин замон клуби туринӣ дар 7 бозии Серияи А шикаст нахӯрда буд.  
«Ювентус» аз соли  2013 бори аввал дар чемпионати Италия  4 гол ба дарвозааш сар дод. 
«Милан» бо 49 хол ба зинаи 5-уми ҷадвал баромад. «Ювентус» новобаста аз ин нокомӣ дар мақоми аввал бо 75 хол боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив