LIVE

Роналду бохти худро дар финал ёд надорад

Ҳамлагари «Ювентус» Криштиану Роналду сар аз соли 2013 бори аввал аст, ки мувоҷеҳи шикаст мешавад. Нахустин бохти ӯ баъд аз 7 сол дар финали Суперҷоми Италия бар муқобили «Латсио» бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди бошгоҳи шаҳри Рим ба поён расид.  Барои ситораи португалӣ ин аввалин бохт сар аз соли 2013 маҳсуб мешавад, ки санаи   17-уми майи ҳамон сол Роналду дар ҳайати «Реал» аз «Атлетико» бо ҳисоби 1:2 дар финали Ҷоми Испания мағлуб гашта буд. То ба ин замон Роналду дар 12 финал пай дар ҳам шаҳди пирӯзӣ чашидааст. «Ювентус» моҳи январи соли - 2019 дар бозии ниҳоӣ бар муқобили «Милан» (1:0) дар Суперҷоми Италия ғалаба намуда буд, ки ягона голи пирӯзиоварро низ Криштиану Роналду ба ҳадаф расонид.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив