LIVE

Пол Погба ба "Ювентус" баргашт

"Ювентус" дар бораи имзои шартнома бо нимҳимоятгари фаронсавӣ Пол Погба хабар дод. Футболбоз ба ҳайси агенти озод ба сафи туринищо пайваст, зеро шартномааш бо «Манчестер Юнайтед» ба охир расид. 

"Пол ба Турин баргашт. Вай аз ин чо чун бача баромада, хамчун марду чемпион баргашт. Аммо як чиз бетағйир монд - хоҳиши якҷоя навиштани таърих дар саҳифаҳои нави клуб.
Погба баргашт ва мо хеле хурсандем! — навиштааст хадамоти матбуоти «Ювентус».
Погба қаблан дар ҳайати «Ювентус» бозӣ кардааст. Фаронсавӣ аз соли 2012 то 2016 дар бошгоҳи шащри Турин бози мекард. Дар «Ювентус» Погба дар 177 бозӣ ширкат карда, 34 гол задааст ва 40 партофти головар намудааст. Дар ҳайати «Ювентус» нимҳимоятгар қаҳрамони Италия шуд, ду бор барандаи Ҷоми Италия ва се маротиби дигар, соҳиби Суперҷоми Италия гардидааст. Пол Погба баъдан ба ивази 105 миллион евро ба «Манчестер Юнайтед» гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив