LIVE

Погба ба "Ювентус" бармегардад

Нимҳимоятгари Манчестер Юнайтед  Пол Погба  мехоҳад дастаашро тарк кунад. Ин  хабарро  The Times навиштааст.   Тибқи иттилоъ  Погба хоҳиши ба “Ювентус” баргаштанрпо дорад.  Дастаи туринӣ ҳам  хоҳиши дидани   Полро   дар ҳайат  дорад.  Дар баробари ин   тимҳои “Реал Мадрид”-у “ПСЖ”  ҳам хостгори   ин футболбоз ҳастанд. 

Погба  аз соли 2012 то 2016   дар ҳайати “Ювентус”  ҳунарнамоӣ мекард.   Бо арзиши    105  млн евро ба “Манчестер Юнайтед” рафта буд.  Дар мавсими ҷории Премйер Лигаи Англия   ин  бозигари 27 сола  8 бозӣ доир карда, 1 гол ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив