«Интер» намехоҳад, ки Николо Барелларо фурӯшад.
Чӣ тавре пештар маълум гардид, «Нюкасл» мехоҳад, ки ин нимҳимоягарро бар ивази 50 миллион фунт ба даст орад ва гаронмуздтарин бозигари даставӣ намояд.
Аз рӯи маълумоти La Gazzetta dello Sport «Интер» ин бозигарро дастнорас меҳисобад ва намехоҳад, ки фурӯшад. Ба нафъи ҷониби «нерадзурри» ҳамчунин он омиле тарафдор аст, ки Барелла дорои маоши баланд аст – қариб 5,5 миллион евро солона бидуни баҳисобгирии иловапулиҳо.
Пешниҳоди расмӣ оиди гузариши бозигар аз ҷониби «Нюкасл» то ҳол набудааст, вале истисно нест, ки «зоғон» пули бештареро баҳри ин бозигар пешниҳод мекунанд.
Дар мавсими сипаригардидаи Серияи А Барелла 35 бозӣ гузаронида, бо 6 голу 6 партофти голӣ аз майдон берун шудааст.