LIVE

Винисиус дар ФИФА вазифаи нав мегирад

Винисиус Жуниор роҳбарии кумитаи мубориза зидди нажодпарастиро ба ӯҳда мегирад.  
Бозигари канории «Реал» ва мунтахаби Бразилия роҳбарии кумитаи махсуси ФИФА оиди мубориза бо нажодпарастии иборат аз футболбозонро бар дӯш мегирад. Аъзоёни кумита баҳри рафторҳои нажодпарастӣ дар футбол ҷазоҳои сангинро пешниҳод мекунанд, иттилоъ додааст президенти ФИФА Ҷанни Инфантино. 
«Футболи саршор аз амалҳои нажодпарастӣ дигар нахоҳад буд. Замоне, ки чунин амал ба вуқӯъ мепайвандад, бозиҳо бояд, ки фавран боздошта шаванд. Дигар бас аст.  
Ман аз Винисиус хостор шудам, ки роҳбарии ин гурӯҳи бозигаронро ба зимма гирад. Ин гурӯҳ ҳам иборат аз нафароне мебошанд, ки барои нажодпарастӣ ҷазоҳои сангинро пешниҳод мекунанд, ҷазоҳое, ки баъдан аз ҷониби кулли ҳокимиятҳои футболӣ дар сартосари ҷаҳон роҳандозӣ карда мешаванд.
Мо бояд аз бозигарон хабардор бошем ва дар бораи оне бифаҳмем, ки барои кор дар муҳити бехатар чӣ бояд кард. Нисбати ин ҳолат муносибати хеле ҳам ҷиддӣ дорем.
Ҷазоҳои хеле ҳам сангинеро роҳандозӣ мекунем, то ки ба таври ҳамешагӣ мушкилоти нажодпарастӣ дар футболро аз байн барем.    Мо дигар нажодпарастиро таҳаммул карда наметавонем. Чун президенти ФИФА, ман эҳсос мекунам, ки маро зарур аст дар ин бора шахсан бо Винисиус гуфтугӯ намоям», – гуфтааст Инфантино.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив