LIVE

РОҲБАРИЯТИ ФФТ ДАР КОНГРЕССИ ФИФА ШИРКАТ НАМУД

Дар пойтахти Руанда шаҳри Кигали Конгресси 73-юми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва сардори департаменти байналмилалӣ Давлатманд Исломов ширкат доштанд.
Дар доираи Конгресс маросими интихоби президенти ФИФА баргузор гардид. Ҷанни Инфантино аз Швейтсария барои давраи нав – аз соли 2023 то 2027 президенти ФИФА интихоб шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон президенти ФИФА Ҷанни Инфантиноро ба муносибати бори дигар интихоб шуданаш ба мансаби президенти созмон табрик намуда, ба ӯ фаъолияти пурсамар ва комёбиҳоро таманно дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив