LIVE

Ранҷиши Винисиус аз мухлисони «Валенсия»

Ҳамлагари тими «Реал Мадрид» Винисиус Жуниор пас аз он, ки мухлисони «Валенсия» дар бозии даври 35-уми чемпионати Испания ӯро таҳқир карданд, ашк рехт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мухлисони "Валенсия" ба ҳамлагар "Винисиус, суханҳои таҳқиромез гуфта фарёд задаанд. Пас аз ин ҳолат бразилиягӣ гиря кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҷараёни бозӣ Винисиус бо нажодпарастӣ рӯбарӯ шуда буд.

Инчунин дар давоми бозӣ Винисиус аз майдон хориҷ карда шуд. Бразилиялӣ бо футболбози дастаи рақиб даст ба гиребон шуда, бо курти сурх муҷозот карда шуд.

Винисиус аз соли 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Шартномаи ҳамлагар бо клуб то соли 2024 амал мекунад. ба назари таҳлилгарон шояд ин омилҳо боис шавад, то футболбоз тарки Ла Лига намояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив