LIVE

Винисиус Жуниор шаҳрванди Испания шуд

Вингери "Реал" Винисиус Жуниор шиносномаи испанӣ гирифт. Ба гуфтаи рӯзноманигори итолиёвӣ Фабритсио Романо ин ба "Реал" имкон медиҳад, ки як бозигари дигари  берун аз Иттиҳоди Аврупоро сабти ном кунад.

Тавре инсайдер тавзеҳ медиҳад, маҳз аз сабаби набудани  ҷойҳои холӣ барои навоварон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо  Реал Мадрид натавонист дар моҳи июни соли ҷорӣ хариди ҳамлагари "Манчестер Сити" Габриэл Жезусро анҷом диҳад, дар натиҷа, бразилӣ ба Лондон рафт. Винисиус аслан як рӯз пас аз баста шудани равзанаи интиқоли тобистона шаҳрванди Испания шуд.

Ёдовар мешавем, ки Винисиус Жуниор аз соли 2018 дар ҳайати “Реал Мадрид” бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта футболбози 21-сола дар 35 бозии Ла Лига ба задани 17 гол ва 10 партофти головар даст ёфт. Аз соли 2019 Винисиус ба тими миллии Бразилия даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив