Ришарлисон де Андраде гуфтааст, ки мехоҳад дар сафи «Реал»-и Мадрид бозӣ намояд, аммо то анҷоми шартномаи феълияш нақшаи тарк намудани «Тоттенҳэм»-ро надорад.
«Албатта, ҳар як бозигар мехоҳад пироҳани «Реал»-и Мадридро ба бар кунад, зеро ин бузургтарин бошгоҳи ҷаҳонист. Аммо ман дастаи худ ва шартномаи феълӣ дорам, бояд нишон диҳам, ки чаро онҳо маро бар ивази арзиши бузург харидорӣ намудаанд.
Мавсими қаблӣ бароям номуваффақ анҷом ёфт, махсусан аз барои ҷароҳатҳое, ки ман дар сафи «Тоттенҳэм» бардоштам. Пӯшидани пироҳани «Реал»-и Мадрид – орзӯи дилхоҳ бозигар аст. Аммо ман бо ҳар роҳе набошад бозиямро бояд бо пироҳани «Тоттенҳэм» нишон диҳам, – иқтибос меорад аз суханони Ришарлисон Globo.
Дар мавсими сипаришудаи Премер-лигаи Англия Ришарлисон 27 бозӣ гузаронида, як гол ба самар расонид ва се партофти головар ирсоли ҳамдастагон намудааст. Ба сафи «Тоттенҳэм» бошад бозигари бразилӣ дар тобистон сароғози мавсими сипаришуда аз «Эвертон» бар ивази 50 миллион фунт ҷамъи 10 миллион иловапулии дигар гузариш намуда буд.

