LIVE

«ПСЖ» дигар пероҳани Мбапперо намефурӯшад

Сомонаи расмии дастаи «Пари Сен-Жермен» фурӯши пероҳани ҳамлагар - Килиан Мбапперо манъ кард. 
Ҳоло дар мағозаи интернетии ПСЖ ягон футболка бо номи футболбози фаронсавӣ мавҷуд нест. Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсола дар ҳайати ПСЖ Мбаппе дар 45 бозӣ дар тамоми мусобиқот ширкат карда, 36 гол ва 26 партофти головар намудааст. Аллакай 30-юми июни соли равон шартномаи ӯ бо бошгоҳи феълӣ ба охир мерасад ва баъд аз он Килиан Мбаппе агенти озод мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки парижиҳо то ҳол талош доранд бо ҳамлагари фаронсавӣ шартномаи нав банданд. Аммо худи бозигар мехоҳад дастаашро иваз кунад ва ба сафи “Реал” пайвандад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив