LIVE

Нақшаҳои ояндасози «ПСЖ» дар сурати фурӯхтани Мбаппе

 Антуан Гризманн метавонад мавқеи Килиан Мбапперо дар  «ПСЖ» ишғол намояд.

Marca хабар медиҳад, ки парижиҳо метавонанд ҳамлавари «Атлетико»-ро харидорӣ намоянд, зеро доштани ситораи фаронсавиро чун нафари меҳварии лоиҳаи хеш зарур мешуморанд.

Сармураббии мадридиҳо Диего Симеоне бошад намехоҳад, ки футболбози фаронсавӣ аз ҳайат равад ва худи Гризманн ҳам аз дастааш рафтанӣ нест.

Аз рӯи маълумоти L’Equipe, Гризманн тибқи шартномаи феълӣ дорои нархномаи арзишаш 25 млн евро мебошад.

Дар мавсими сипаришудаи  Ла Лиги ҳамлавар 15 гол ба самар расонида, 16 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив