LIVE

Бозингари собиқи «Ливерпул» дастаи нав пайдо кард

Капитани тими миллии Гвинея Наби Кейта бозигари тими «Вердер»-и Олмон гардид. Қаблан ӯ дар «Ливерпул»-и Англия бозӣ мекард. Кейта ҳамчун агенти озод бо дастаи наваш қарордод ба имзо расонид.

Наби Кейта дар ҳайати «Ливерпул» Чемпионати Англия, Ҷоми Англия, Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА ва Ҷоми ҷаҳонии клубҳо ғолиб омада, инчунин чандин маротиба кишвари худро дар Ҷоми Африқо намояндагӣ кардааст. Дар панҷ сол ӯ дар ҳайати дастаи Юрген Клопп 129 маротиба ба майдон баромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив