LIVE

“Ливерпул” тобистон ҳайаташро нав мекунад

Тобистони имсол дастаи “Ливерпул”-ро 4 бозигар тарк мекунанд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи “Ливерпул” хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ ин бозигарон бинобар ба анҷом расидани шартномаашон тарки бошгоҳ мекунанд.  Инҳо нимҳимоятгарон Наби Кейта, Ҷеймс Милнер, Алекс Окслейд-Чемберлен ва ҳамлагар Роберто Фирминйо мебошанд.
Фирмийно аз соли 2015 инҷониб дар ҳайати «мерсисайдиҳо» баромад карда, дар 360 бозӣ 109 гол ва 79 ассист анҷом додааст.
Кейта аз “Лейптсиг”  тобистони соли 2018 ба ҳайати “Ливерпул” пайваст. Ин футболбози  гвинеягӣ дар 129 бозӣ ба майдон баромада,  11 гол ва 7 ассист анҷом додааст.
Окслейд-Чемберлен як сол пеш аз  гузариши Кейта ба даста омад, ва дар ҳайати бошгоҳ  18 гол ва 15 ассист кардааст.
Милнер дар моҳи июли соли 2015 ба таври ройгон ба «Ливерпул» гузашт ва дар ин муддат ӯ дар 330 бозӣ 26 гол ва 46 ассист кардааст. Гуфта мешавад, ки Милнер тобистони имсол ба ҳайати “Брайтон” гузариш мекунад.
Ёдовар мешавем, сармураббии «Ливерпул» - Юрген Клопп мехоҳад ба сафи нимҳимоятгарони дастааш аз тими “Интер” -  Никола Барелларо  шомил кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив