LIVE

Се футболбоз тарки "Тоттенхэм" мекунад

"Аякс" ба харидории ҳамлагари "Тоттенхэм" Стивен Бергвейн таваҷҷуҳ дорад. "Рома" ба бошгоҳи англисӣ пешниҳод дорад, то  нимҳимоятгар Тангай Н'Домбелеро ба иҷора гирад. Сармураббии "Тоттенхэм" Антонио Конте низ дар бораи ояндаи нимҳимоятгар Деле Алли дар "Тоттенхэм" боварӣ надорад. Дар ин бора рӯзноманигор Николо Шира дар Твиттер хабар додааст.

Бергвейни 24-сола моҳи январи соли 2020 аз "ПСВ" ба маблағи 30 миллион евро ба бошгоҳи англисӣ гузашт. Ин ҳамлагар дар 13 бозии мавсим як гол ва як ассист кардааст.

Н'Домбелеи 25-сола тобистони соли 2019 аз "Лион" ба маблағи 60 миллион евро ба "Тоттенхэм" гузашт. Дар мавсими имсола футболбози фаронсавӣ дар 14 бозӣ ду гол ва як ассист кардааст.

Аллии 25-сола аз феврали соли 2015 дар ҳайати "Тоттенхэм" бозӣ мекунад. Нимҳимоятгари англисӣ дар ин мавсим дар 17 бозӣ 2 гол ва як ассист кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив