LIVE

“Тоттенхэм” сармураббии нави худро эълон кард

 Анге Постекоглу сармураббии дастаи “Тоттенхэм” интихоб гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Лондон хабар дод.
 Тибқи иттилои манбаъ бо мутахассиси  австралиягӣ шартномаи чаҳорсола  ба имзо расонида шуд.  Рӯзи 1-уми  июл Постекоглуи 57 сола   дар "Тоттенхэм" ба кор шурӯъ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Постекоглу аз соли 2021 дар ҳайати дастаи «Селтик» кор мекард. Дар мавсими гузашта,  дастаи ӯ қаҳрамони Шотландия шуда, инчунин Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст оварда буд. 
Постекоглу аввлаин мураббӣ аз Австралия мебошад, ки дар Премийр Лигаи Англия кор мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив